Декабр 15, 2021 16:01 Asia/Dushanbe
  • Бунёди 2 корхонаи муштараки қазоқӣ – ӯзбакӣ дар Шимкенти Қазоқистон

Сармоягузорони ӯзбаку қазоқ ду корхона дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон месозанд.

Ба гузориши “Форс”, таъсисоти ҷадиди тавлидӣ дар минтақаи вижаи иқтисодии Онтустик эҳдос хоҳад шуд.

Сармоягузорон қарор аст то соли 2025 ҳудуди 282 тарҳро дар бахшҳои мухталиф дар ин шаҳр иҷро кунанд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар ҳоли ҳозир сохти корхонаи фароварии филизот, ки як сармоягузор аз Узбакистон дар он мушорикат дорад, дар ҳоли баррасӣ аст.

Барои сохти ин корхона 6. 3 миллиард танга (14. 5 миллион доллар) бароварди молӣ шудааст.

Тарафайн қасд доранд коргоҳҳои тавлидии маҳсулоти беҳдоштиро низ ба арзиши 375 миллион танга (862. 9 ҳазор доллар) оғоз кунанд.

 

Барчасп