Баргузории мусобиқоти Ҷоми Наврӯз дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ
(last modified Fri, 17 Dec 2021 13:50:22 GMT )
Декабр 17, 2021 18:50 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти Ҷоми Наврӯз дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ

Федератсияҳои футболи узви минтақаи КАФА тасмим ба баргузории Ҷоми Наврӯз гирифтанд.

Федератсияҳои футболи Эрон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон пас аз ташкили ҷаласа дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон чандин урдӯ ва бозиҳои дӯстона баргузор мекунанд.

Тибқи тавофуқ мусобиқае бо унвони «Наврӯз» бо ҳузури чаҳор узви собити КАФА аз соли ояндаи шамсӣ баргузор хоҳад шуд.

Ҳамчунин тимҳои миллии бузургсолони ҳар кишвар ба муносибати Наврӯз ва дар айёме, ки мунтаҳӣ ба ҷашни соли нави ҳиҷрии шамсӣ аст, гирдиҳам меоянд то бозиҳои худро баргузор кунанд.

Ҳасани Комронифар, дабири кулли федератсияи футбол, ки ба намояндагӣ аз Эрон дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон ҳузур дорад, ҳамроҳ бо Равшан Эрматов, пешкисвати доварии Осиё ба унвони масъулони иҷрои аввалин мусобиқот мансуб шуданд.

Аъзои КАФА дар хусуси замони баргузории мусобиқаи Наврӯзи 1401 то моҳи оянда тасмимгирӣ хоҳанд кард.

Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) иттиҳоде аз федератсияҳои футболи 6 кишвар (Эрон, Қирғизистон, Афғонистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбакистон) дар минтақаи Осиё Марказӣ аст, ки дар соли 2014 ташкил шуд.