Тирандозӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон дар бораи тирандозӣ дар марзи ин кишвар бо Қирғизистон тавзеҳ дод.
Ба гузориши сомонаи Спутник, дар баёнияи ин кумита таъкид мешавад, ки сокинони қирғизи шаҳраки Сомониён дар минтақаи ҳанӯз аломатгузоринашудаи марзии ду кишвар даст ба сохтусози ғайримуҷоз заданд, ки бо вуҷуди ҳушдори марзбонони тоҷик ба ин кор идома додаанд.
Ин баёния меафзояд: Аз ин рӯ, марзбонони тоҷик барои поён додан ба ин сохтусози тарафи қирғизӣ, иқдом ба шиллики ҳавоӣ кардаанд ва аз эҳтимоли даргирӣ миёни онон ва тоҷикҳои муътариз ҷилавгирӣ карданд.
Бар асоси баёнияи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон, барои ҳалли ин мушкил дар минтақаи марзии мавриди ихтилоф дидори фармондеҳони посгоҳҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд ва дар ин дидор ду тараф тавофуқ карданд, ки ба таври муштарак ин ҳодиса мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Дар беш аз ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ, танҳо 520 километр аз марзи 976 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.
Ихтилофоти Тоҷикистону Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд, аз ҷумлаи мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.
Бештар бихонед:
- Гаштзании муштараки нерӯҳои полиси Суғд ва ботканд дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон
- Дидори раисони вилоятҳои Суғду Ботканд дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон
- Замони бозкушоии марзи Тоҷикистону Қирғизистон мушаххас нест