Декабр 19, 2021 11:14 Asia/Dushanbe
  • Қарзи 400 миллион долларии Бонки Ҷаҳонӣ ба Узбекистон барои ислоҳоти иҷтимоӣ

Бонки Ҷаҳонӣ барои иҷрои ислоҳоти иҷтимоӣ иқтисодӣ дар Узбекистон ба ин кишвар муодили 400 миллион доллар қарз ихтисос медиҳад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс,  Бонки Ҷаҳонӣ  ин қарзро барои иҷрои ислоҳот дар заминаҳои озодсозии бозори гандум, беҳбуди мудирияти муассисоти давлатӣ, ташдиди назорат бар ҳазинаҳои давлатӣ ва қарз,мубориза бо табъизи ҷинсиятӣ дар бозори кор ва ҳамчунин тавсеъаи ҳимояти иҷтимоӣ аз занону афроди маъюб дар ихтиёри Узбекистон қарор медиҳад . Бонки Ҷаҳонӣ муодили 250 миллион доллари ин қарзро бо суди кам ва бозпардохти 30 сола ва муодили 150 миллион доллари дигарро бо суди бозор ва бозпардохти 12 сола дар ихтиёри Узбекистон қарор медиҳад .
Раиси намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Узбекистон гуфт : Барои дастёбӣ ба аҳдофи давлат дар коҳиши дубаробарии сатҳи фақр дар байни мардум то соли 2026 вуруди Узбекистон ба шумори кишварҳо бо сатҳи болотар аз мутавассит то соли 2030 иқтисоди миллӣ бояд бо суръат рушд кунад .
Марко Монтаванелли идома дод : Барои ин бояд дар бахши хусусӣ фурсати зиёди шуғлӣ ва имконоти бештари иқтисодӣ барои шаҳрвандон ба хусус барои занон, ҷавонон ва афроди маъюб эҷод шавад . Ислоҳоте ки тавассути Бонки Ҷаҳонӣ таъмини молӣ мешавад, барои беҳбуди зиндагии мардум кумак мекунад.

 

Барчасп