Такмили тарҳи нафтии 45 миллиарддолларии Қазоқистон то соли 2023
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i78712-Такмили_тарҳи_нафтии_45_миллиарддолларии_Қазоқистон_то_соли_2023
Маркази матбуотии вазорати энержии Қазоқистон аз такмили тарҳи бузурги нафтӣ дар ин кишвар то 2 соли оянда хабар дод.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Декабр 25, 2021 10:32 Asia/Dushanbe
  • Такмили тарҳи нафтии 45 миллиарддолларии Қазоқистон то соли 2023

Маркази матбуотии вазорати энержии Қазоқистон аз такмили тарҳи бузурги нафтӣ дар ин кишвар то 2 соли оянда хабар дод.

Ин матлаб дар дидори Магзум Мирзагалиев, вазири энержии Қазоқистон бо намояндагони ширкати «Тенгизшевройл» эълом шуд.

Тарафайн дар ин мулоқот дар мавриди иҷрои «тарҳи тавсеаи оянда» майдони нафтии “Тенгиз” ба арзиши 45.2 миллиарддоллар низ ройзанӣ карданд.

Бар асоси гузориши дафтари матбуотии вазорати энержии Қазоқистон, такмили сохти тарҳи тавсеаи оянда, ки қарор аст, то соли 2023 такмил шавад.

Бо баҳрабардорӣ аз ин тарҳ мизони тавлиди нафт ба 12 миллион тон дар сол афзоиш хоҳад ёфт.

Ширкати «Тенгизшевройл» аз соли 1993 дар Қазоқистон фаъолият мекунад.