Декабр 26, 2021 16:21 Asia/Dushanbe
  • Инҳилоли Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон

Толибон Комиссиюни мустақили интихоботро мунҳал(пароканда) кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Толибон  Комиссиюни мустақили интихоботро, ки 20 соли гузашта таъсис шуда буд, мунҳал кард .Пеш аз ин Толибон кумитаи эътирозоти интихоботӣ ва вазоратхонаҳои сулҳу умӯри порлумониро мунҳал карда буд .

Билол Каримӣ, сухангӯи давлати Толибон гуфт: Дар ҳоли ҳозир ниёзе ба ин ду вазоратхона ва ин ҳайатҳо нест; дар сурате ки эҳсоси ниёз кунем Аморати исломӣ метавонад онҳоро эҳё кунад .
Ҳалими Фидоӣ аз мақомоти аршади давлати собиқи Афғонистон низ гуфт : Ин тасмим нишон медиҳад Толибон тағйире накарда ва ба демокросӣ бовар надорад.
Ӯ афзуд : Толибон ба зарби гулӯла ба қудрат расиданд на аз тариқи сандӯқҳои раъй .

Толибон аз август бар Афғонистон мусаллат шуда, аммо ҷаҳон ҳануз онро ба расмият нашинохтааст, зеро аз собиқаи ҳуқуқи башарии ин гуруҳ ризоят надоранд.

 

Барчасп