Январ 01, 2022 21:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории бозаргонӣ меҳвари машвартҳои мақомоти Узбакистон ва Қазоқистон

Мақомоти Узбакистон ва Қазоқистон ба сурати видео канфронс чигунагӣ ва чашмандози ҳамкориҳои мутақобили иқтисодӣ ва бозаргониро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, раёсати ҳайатҳои ҳарду тарафро дар ин видео канфронс, Абдулло Орифов нахуствазири Узбакистон ва Аскар Момин нахуствазири Қазоқистон бар уҳда доштанд.

Ширкаткунандагони ин видео конфронс таъкид карданд, ки дар соли 2021 рӯйдодҳои муҳим сурат гирифта аст, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро таҳким карданд.

Сафари расмии Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳурии Узбакистон 5 ва 6 декабр ба Қазоқистон муҳимтарин руйдоди соли гузашта  буд, ки дар чорчуби он баёния дар мавриди равобити ҳампаймонии ду кишвар ва маҷмуъае аз асноди муҳим ба имзо расидааст.

Дар ҳамин росто таъкид шуд, ки вазифаҳои таъин шуда дар баробари давлати ду кишвар албата ба таври комил иҷро хоҳад шуд.

Ҳар ду тараф  дар чорчуби ин видео конфронс ҳамчунин раванди иҷроии тарҳҳои муштарак дар заминаҳои саноъат, ҳамлу нақл, диҷитолсозӣ, энергетикӣ ва манобеъи обиро барраси карданд.

Дар ҳолиҳозир дар Узбакистон 260 ширкат бо сармоягузории Қазоқистон дар заминаҳои сохтмонсозӣ, фаровардаҳои кишоварзӣ, тиҷорат, саноъеи ғизоӣ, фулузкорӣ ва мошинсозӣ фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин намояндагии 3 ширкати қазоқистонӣ аз тарафи Вазорати равобити иқтисодӣ ва бозаргонӣ ва сармоягузории Узбакистон сабт шудааст.

 

Барчасп