Вокуниши Толибон ба маҳдудиятҳои эъломшуда барои занони афғон
(last modified Mon, 03 Jan 2022 07:30:20 GMT )
Январ 03, 2022 12:30 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Толибон ба маҳдудиятҳои эъломшуда барои занони афғон

Мақоми давлати муваққати Толибон дар Афғонистон овозаи марбут ба маҳдудиятҳои ҷоришуда барои занонро ба афроди муғриз нисбат дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, сухангӯи Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункири давлати муваққати Толибон гуфт, ин вазоратхона ба ҳарими хусусии ҳамаи мардуми Афғонистон эҳтиром мегузорад ва ҳофизи тамомии ҳуқуқи афрод аст.

Ин сухангӯ дар бораи ҷанҷолҳои ахир дар мавриди дастуроти ҷадиди ин вазоратхонаро ба афроди муғриз нисбат дод ва гуфт, ин ҷанҷоли таблиғотӣ бо ҳадафи нафратпароканӣ алайҳи Толибон мунташир шудаанд.

Муҳоҷир аз суҳулат барои мусофирати занон дар оянда хабар доду афзуд, бо афроде ки занонро савори мошини худ кунанд, бархӯрди номуносиб нахоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар рӯзҳои ахир ахборе мунташир шуда буд, ки бар асоси он Толибон сафар барои занони танҳо ва пахши мусиқӣ ва истеъмоли духониёт дар мошинҳоро мамнуъ эълом кардааст.

 

Бештар бихонед: