Ноябр 15, 2016 14:01 Asia/Dushanbe
  • Пул пойи корҷуёни Осиёи Марказиро ба сафи ДИИШ мекашонад

Раиси Маркази муҳоҷират ва қонун дар Русия, мушкилоти муҳоҷират, пардохт нашудани бамавқеи ҳаққуззаҳмаи коргарони муҳоҷир ва чолишҳои маишатӣ дар ин кишварро иллати аслии пайвастани ин афрод ба гурӯҳҳои ифротӣ донист.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Гавҳар Ҷӯраева, раиси Маркази муҳоҷират ва қонун дар Русия яке аз илали асосии гароиши муҳоҷирони корӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ДИИШ -ро пардохт нашудани дастмузди онҳо аз сӯйи корфармоён дар ин кишвар донист.

Ҷӯраева афзуд, раванди пардохти маош ва дастмузди муҳоҷирони корӣ бояд ислоҳ шавад, зеро дар сурате, ки ин афрод як ҳафта ё як моҳ музди худро дарёфт накунанд, эҳсос мекунанд, ҳуқуқашон поймол шудааст ва дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҷадиде барои дарёфти даромад ба доми мубаллиғони гурӯҳҳои такфирӣ гирифтор мешаванд.

 Раиси Маркази муҳоҷират ва қонунм Русия гуфт, давлатм Маскав бо ҳадафи таъмини субот, поймол нашудани ҳуқуқи муҳоҷирон ва ҳалли мушкилоти ин афрод, Хадамоти муҳоҷиратро таҳти назорати Вазорати дохилаи Русия қарор додааст ва дар ин шароит агар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ фаъолтар амал кунанд, метавон умедвор буд, ки мушкилоти муҳоҷирони корӣ то ҳудуде бартараф шавад.

Ҷӯраева таъкид кард, ҳадафи муҳоҷирони корӣ аз пайвастан ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ДИИШ, интиқомгирӣ нест, балки ёфтани манобеи дигаре барои таъмини маош аст.

 Бештари шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки ба Сурия ва Ироқ мераванд, муҳоҷирони корие ҳастанд, ки аз тариқи қаламрави Русия ба сафи гурӯҳҳои террористӣ мепайванданд.

 

Барчасп