Январ 08, 2022 22:36 Asia/Dushanbe
  • Захарова: мо руйдодҳои ахир дар Қазоқистонро талоши таҳрикшуда аз хориҷ  медонем
    Захарова: мо руйдодҳои ахир дар Қазоқистонро талоши таҳрикшуда аз хориҷ медонем

Мария Захорава сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе эътироз ва руйдодҳои ахири Қазоқистонро талоши созмонёфта аз хориҷ барои ихлоли субот ва амнияти ин кишвар донист ва аз эъзоми неруҳо ба Қазоқистон, ки онҳоро сулҳбонони СПАД хонд, хабар дод.

Ӯ гуфт: мо руйдодҳои ахир дар кишвари дуст Қазоқистонро талоши таҳрикшуда аз хориҷ барои барҳам задани субот, амният ва ҳокимияти ин кишвар бо истифода аз унсурҳои мусаллаҳ ва созмонёфта бо бакоргирии шеваҳои рӯз медонем.

СПАД низ эълом кард, ки иттилоъоти расида аз ин кишвар ҳокӣ аз он аст, ки шуришҳо аз сӯи афроде ҳидоят мешавад, ки аз кишварҳои хориҷӣ  ҳидоят мешаванд ва таҳти омузишҳои бегонагон буданд.

Созмони паймони амнияти ҷамъи дар 6 январ дар иртибот бо дархости Қосим Жумарт Токаев раиси ҷумҳурии Қазоқистон тасмим ба эъзоми неруҳои сулҳбон ба Қазоқистон барои муддати маҳдуд бо ҳадафи тасбит ва беҳбуди вазъияти ин кишвар гирифт.

Захарова мегӯяд: Ин тасмим мутобиқи банди чаҳоруми асосномаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ гирифта шуд, ки дар он ҳиямоят аз кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла кӯмакҳои низомӣ дар сурати ҳамла ба яке аз ин кишварҳо ва мавриди таҳдид қарор гирифтани субот ва ҳаққи ҳокимияти он бо дархости ин кишвар пешбини шуда аст.

Русия борҳо дар бораи талоши ғарб барои эҷоди нооромӣ дар кишварҳои ҳавзаи ҳамсуд, ки он таҳти унвони инқилобҳои содиротӣ демакратӣ ва инқилобҳои рангин яке аз муҳимтарин далелҳои бесуботӣ дар нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон аст.

Маскав нигарони барандозӣ аз тариқи эҷоди ташвиқи эътирозот иҷтимоъи ва сиёсӣ дар ҳавзаи кишварҳои ҳамсуд аст. Фаъолиятҳои ғарб ба вижа Амрико дар ростои роҳандозии инқилобҳои рангӣ дар дар кишварҳое, ки қаблан ҷузъи шӯравӣ маҳсуб мешуданд, ҳамвора сабаби интиқод ва эътирози Русия қарор гирифта аст. Аммо дар мавриди Қазоқистон ин эътирозот ҷанбаи хушунатомези ва дар воқеъ як шӯриши мусаллаҳонаи доманадорро ба худ гирифта аст.

Ин амр бо таваҷҷуҳ ба мавзеъи мудохилаҷуёнаи Амрико дар қолаби таҳаввулоти Қазоқистон маъно пайдо мекунад. Антони Блинкен вазири умури хориҷаи Амрико дар тамоси телефонӣ бо Мухтор Тилубердӣ  ҳамтои қазоқи худ, хостори ҳаллу фасли мусалатомези вазъият дар Қазоқистон шуд.

Нед Прайс сухангуӣ Вазораи умури хориҷаи Амрико дар баёнияе гуфт, ки вазири умури хориҷаи Амрико бар ҳимояти комили Иёлати Муттаҳида аз ниҳодҳои қонуни асосии Қазоқистон  ва озодии расонаҳо таъкид кард ва  хостори ҳаллу фасли мусаламомези буҳрон ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар шуд.

Маънои ин вожагон дар воқеъ ҳимоят аз муъхтаризон дар дархост барои тан додан ба хостаҳои онҳо аз сӯи давлати Қазоқистон аст.

Нооромиҳои Қазоқистон аз рӯзи якшанбе ба дунболи эътирозот шаҳрвандони қазоқ ба афзоиши  нархи сухти масрафии мошинҳо аз бензин ва гози моеъ ба вижа дар шаҳрҳои Алмато ва бандари Актау оғоз шуд, ки ба минтақаҳои дигари ин кишвари Осиёи Марказӣ густариш ёфт, ки то кунун мунҷар ба кушта шудани даҳҳо муътариз ва маъмурони амниятӣ ва маҷруҳ шудани садҳо нафар ва боздошти беш аз 2300 нафар шудааст.

Акнун Русия дар қолаби вокуниш ва мавзуъи воҳиди созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба нооромиҳои Қазоқистон ва дархости раиси ҷумҳурии ин кишвар барои эъзоми сулҳбонони ин созмон ба Қазоқистон посухи мусбат дода аст. Неруи сулҳбонони Созмони паймони амнияти ҷамъӣ муташаккил аз воҳидҳои Русия, Беларусия, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аст ва интизор меравад бақияи воҳидҳо низ ба Қазоқистон эъзом шаванд. Станислав Зас дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ эъзоми неруҳои ҳофизи сулҳи ин созмонро ба дархости Қазоқистон унвон карду гуфт ин неруҳо ҳаққи истифода аз силоҳро хоҳанд дошт.

Станислав Зас дар бораи вазифаҳои вогузоршуда ба сулҳбонон гуфт: Аввалин маврид ҳифозат аз муҳимтарин таъсисоти давлатӣ ва роҳбурдӣ аст ва дуввумӣ кумак ба ҳифзи назми умумӣ то мардум эҳсоси амният кунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп