Узбакистон содироти газ ба Русияро ба таври комил мутаваққиф кард
(last modified Sun, 09 Jan 2022 14:05:38 GMT )
Январ 09, 2022 19:05 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон содироти газ ба Русияро ба таври комил мутаваққиф кард

Узбакистон содироти гази табиъӣ ба Русияро барои таъмини ниёзҳои дохилӣ ба таври комил мутаваққиф кард.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хурсон ба нақл аз Форс, бар асоси гузориши Вазорати энергетикаи Узбакистон, содироти гази табиъӣ ба Русия барои таъмини ниёзҳои дохилӣ ба таври комил мутаваққиф шуд.

Намояндагони Вазорати энергетикаи Узбакистон изҳор доштанд: Ин кишвар эҳтимолан дар соли 2022 ба Русия гази табиъӣ содир намекунад. Дар ҳоли ҳозир газ ба Русия содир намешавад ва барномае барои соли 2022 низ вуҷуд надорад.

Узбакистон дар  соли 2018 ба шикати Газпром 3 миллиарду 800 миллион метри мукааб газ содир кард ва дар соли 2019 содироти газро то 4 милларду 900 миллион метри мукааб афзоиш дод. Ин ширкат дар соли 2020 бо тавақуфи содироти газ, воридоти онро аз Туркманистон оғоз кард.

Бар асоси ин гузориш дар соли 2020 истихроҷи газ дар Узбакистон то 47 миллиарду 100 миллион метри мукааб коҳиш ёфта аст. Дар  ин миён масрафи дохилии газ дар ҳудуди 43 миллиард метри мукааб ҳеҷ тағире накарда аст.