Тавофуқи марзии Узбакистон ва Қирғизистон
(last modified 2016-11-15T16:25:26+00:00 )
Ноябр 15, 2016 21:25 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи марзии Узбакистон ва Қирғизистон

Ба гузориши хабаргузории Форс, даври ҷадиди ҷаласоти ҳайатҳои давлатии Узбакистон ва Қирғизистон, тибқи барномаи аз пеш таъйин шуда аз ҳаштум то сездаҳуми ноябр дар вилояти Фарғонаи Узбакистон баргузор шуд.

      Тибқи барномаи мусавваби давлатҳои Тошканд ва Бишкек, дар ин давр аз гуфтугуҳо чаҳордаҳ нуқтаи марзии мавриди ихтилоф дар вилоятиҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғонаи Узбакистон дар марзи муштарак бо вилоятҳои Ботканд, Ҷалолобод ва Уши Қирғизистон, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар поёни ин нишаст, ду тараф дар бораи вазъияти ҳафт минтақаи дигари мавриди ихтилоф ба тавофуқ даст ёфтанд. Бад-ин тартиб, дар ҳоли ҳозир Тошканд ва Бишкек дар бораи 56 минтақаи марзӣ, дорои мавозеи мушобеҳ ҳастанд.

   Ҳамчунин дар поёни ин давр аз гуфтугӯҳо, барномаи корҳои нақшабардорӣ ва таъйини марзҳо дар соири манотиқи марзии муштараки мавриди ихтилофи ду кишвар низ мушаххас шуд. Ихтилофот ва марзбандиҳои дохилӣ ва маҳаллии кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз гузашти 25 сол аз истиқлоли онон, ҳанӯз ҳам идома дорад. Дар ин марзбандиҳо вижагиҳое монанди таркиби ҷамъиятӣ ва ҳузури таърихии ақвом дар назар гирифта нашуда ва марзбандиҳои кунунӣ ҳам бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ анҷом нашудааст.

Қазоқистон ва Туркманистон тақрибан бештари масоили марзии худро бо ҳамсоягонашон ҳал кардаанд, аммо ихтилофоти марзӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон, равобити ин се кишварро дучори буҳрон кардааст. Мақомоти ин кишварҳо ҳамвора якдигарро ба нақзи ҳарими марзҳои худ муттаҳам мекунанд. Дар ҳоле, ки ҳудуди се моҳи пеш, Узбакистон як минтақаи мавриди ихтилоф дар марзи ин кишвар бо Қирғизистонро, қаламрави худ эълом ва 4 шаҳрванди қирғизро дар ин минтақа боздошт кард.

  Расонаҳои узбакӣ бо истинод ба мадорики мунташир шуда, тавассути вазорати дохилаи Узбакистон иддао карданд, кӯҳи Унгар-Тоо, ки дар манотиқи марзии мавриди ихтилофи ин кишвар бо Қирғизистон воқеъ шудааст, бахше аз хоки Узбакистон маҳсуб мешавад. Узбакистон ва Қирғизистон ҳазору 375 километр марзи муштарак доранд.

   Дар пайи ин таниш, Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон аз давлати ин кишвар хост, тавофуқномаи марзиро, ки раҳбарони собиқи Қирғизистон имзо кардаанд, дубора баррасӣ кунад. Албатта пас аз гуфтугӯҳои раисиҷумҳури Қирғизистон бо Шавкат Мирзёев, нахуствазири Узбакистон, ки ба таври муваққат пас аз марги Ислом Каримов, раисиҷумҳури ин кишвар, масъулиятҳои риёсатҷумҳуриро бар уҳда гирифтааст, рафту омад дар гузаргоҳи марзии Унгар-Тоо дар ҳар ду тарафи марз аз саргирифта шуд.

   Дафтари риёсатҷумҳурии Қирғизистон пас аз он, аз ақибнишинии неруҳои вобаста ба вазорати дохилаи Узбакистон аз ин марз, пас аз музокироти телефонии Отамбоев бо Мирзёев, хабар дод.