Таъкиди вазирони умури хориҷаи Туркманистон ва Узбакистон бар тавсеаи равобит
Январ 14, 2022 18:20 Asia/Dushanbe
Вазири умури хориҷаи Туркманистон бо ҳамтои ӯзбаки худ гуфтугӯ кард.
Ба гузориши «Форс», Рашид Муродов, вазири умури хориҷаи Туркманистон бо Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон телефонӣ гуфтугӯ кард.
Вазирони хориҷаи ду кишвар дар гуфтугӯи телефонӣ роҳҳои тавсеаи бештари равобити дуҷониба бо тавваҷуҳ ба тавофуқоти ба дастомада байни руасои ҷумҳурии Туркманистон ва Узбакистон дар иҷлоси ғайрирасмии кишварҳои ИДМ-ро, ки дар декабри соли гузашта дар Санкт-Петербург баргузори шуд, баррасӣ карданд.
Дар ин замина таъкид шуд, ки бар асоси даъвати тарафи ӯзбакистонӣ, ҳайати давлати Туркманистон дар ояндаи наздик ба Тошканд сафар хоҳад кард.