Таъкиди вазирони умури хориҷаи Туркманистон ва Узбакистон бар тавсеаи равобит
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i79742-Таъкиди_вазирони_умури_хориҷаи_Туркманистон_ва_Узбакистон_бар_тавсеаи_равобит
Вазири умури хориҷаи Туркманистон бо ҳамтои ӯзбаки худ гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Январ 14, 2022 18:20 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазирони умури хориҷаи Туркманистон ва Узбакистон бар тавсеаи равобит

Вазири умури хориҷаи Туркманистон бо ҳамтои ӯзбаки худ гуфтугӯ кард.

Ба гузориши «Форс», Рашид Муродов, вазири умури хориҷаи Туркманистон бо Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон телефонӣ гуфтугӯ кард.

Вазирони хориҷаи ду кишвар дар гуфтугӯи телефонӣ роҳҳои тавсеаи бештари равобити дуҷониба бо тавваҷуҳ ба тавофуқоти ба дастомада байни руасои ҷумҳурии Туркманистон ва Узбакистон дар иҷлоси ғайрирасмии кишварҳои ИДМ-ро, ки дар декабри соли гузашта дар Санкт-Петербург баргузори шуд, баррасӣ карданд.

Дар ин замина таъкид шуд, ки бар асоси даъвати тарафи ӯзбакистонӣ, ҳайати давлати Туркманистон дар ояндаи наздик ба Тошканд сафар хоҳад кард.