Марги шаҳрванди қирғизистонӣ дар зиндони Тоҷикистон
(last modified Sat, 15 Jan 2022 14:52:10 GMT )
Январ 15, 2022 19:52 Asia/Dushanbe
  • Марги шаҳрванди қирғизистонӣ дар зиндони Тоҷикистон

Сафорати Қирғизистон дар Душанбе хостори таҳқиқ дар бораи марги шаҳрванди қирғиз дар кишвари Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, шарҳванди қирғиз, ки ба иттиҳоми гузари ғайриқонунӣ аз марз дар ҳоли гузарондани даврони маҳкумияти худ дар зиндони шумораи 6 Тоҷикистон буд ҷон бохт.

Худойберди Бекмуродов мутаввалиди соли 1953 ва иллати марги ин фард ҳануз мушахас нашуда аст.

Дар пайи ин ҳодиса, сафорати Қирғизистон бо ирсоли ёддоште ба Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хостори кӯмак барои анҷоми таҳқиқот дар ин маврид шуд.

Ба гуфтаи ҳайати дипломатии Қирғизистон дар Тоҷикистон, фавтшуда аз сӯи додгоҳи Тоҷикистон ба иттиҳоми гузари ғайриқонунӣ аз марз, ба муддати 2 сол ба ҳабс маҳкум шуда буд.

Абдулкарим Алибоев  фиристодаи раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар минтақа хотирнишон кард, ки дар ҳоли ҳозир 10 нафар аз сокинони минтақаи Ботканд дар Тоҷикистон боздошт шуданд ва музокирот барои озодии шаҳрвандони қирғиз бо мақомоти тоҷик идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки хати марзии номушахас омили даргириҳои ҷорӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон аст.

Дар охирин даргириҳои мусаллаҳона баҳори гузашта 36 нафар аз Қирғизистон ҷон бохтанд ва беш аз 180 шаҳрванд маҷруҳ шуданд, Тоҷикистон ҳам 19 кушта ва 87 захмиро расман эълом кард.