Мулоқоти сафири Қирғизистон дар Эрон бо мудири ширкати ҳавопаймоии "Вориш"
(last modified Thu, 20 Jan 2022 09:32:46 GMT )
Январ 20, 2022 14:32 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти сафири Қирғизистон дар Эрон бо мудири ширкати ҳавопаймоии

Сафири Қирғизистон дар Эрон пешниҳоди афзоиши парвозҳои Теҳрон - Бишкекро матраҳ кард.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Турдакун Сидиков, сафири Қирғизистон дар Теҳрон бо Ризо Ҳаддодиён, мудири кулли ширкатҳои ҳавопаймоии "Вориш" дидору гуфтугӯ кард.

Сидиков Турдакун дар ин дидор аз сиёсатҳои Қирғизистон дар заминаи ҳавонавардии ғайринизомии дараҷаи панҷуми озодии ҳавоӣ, фазои сармоягузорӣ ва зарфиятҳои гардишгарии Қирғизистон ба тарафи эронӣ иттилоъ дод.

Ва ҳамчунин пешниҳод кард, бо азсаргирии парвози мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар дар масири Теҳрон-Бишкек, теъдоди парвозҳои Қирғизистон ва Эронро афзоиш диҳанд.

Сафири Қирғизистон ҳамчунин ба манзури афзоиши сафари гардишгарон аз Эрон ба Қирғизистон, пешниҳоди таҳияи бастаҳои мусофиратӣ ва тақвияти пуйиши иттилоърасонии зарфиятҳои гардишгарии Қирғизистон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии Эронро ироа кард.

Мудири кулли ширкати ҳавопаймоӣ "Вориш" низ ба навбати худ аз пешниҳодҳои тарафи Қирғизистон ҳимоят кард ва аз қасди нияти худ барои ифтитоҳи дафтар дар Бишкек хабар дод.