Дидори раисони ноҳияҳои Исфара ва Ботканд
Раисони ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар ноҳияи марзӣ дидор ва роҳҳои ҳалли ихтилофи марзиро баррасӣ карданд.
Ба гузориши сомонаи "Аки Пресс", дар дидори Баҳоудин Баҳодурзода ва Олимбой Жавобоев, ки бо ҳузури масъулони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ ва марзбонии ду кишвар дар наздики деҳаи Хоҷа Аълои ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканди Қирғизистон баргузор шуд, дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз даргириҳои марзӣ баҳсу табодули назар шуд.
- Вазири хориҷаи Қирғизистон: То ҳалли ихтилофоти марзӣ бо Қирғизистон фосилаи зиёде вуҷуд дорад
- Қирғизистон муддаии ихроҷи ғайриқонунии 50 қирғиз аз Тоҷикистон шуд
Тарафҳо бар зарурати поён додан ба сохтусози ғайриқонунӣ дар минтақаҳои марзии номушахас, пешгирӣ аз боздошти шаҳрвандони ду кишвар, озодии афроди рабудашуда, аз ҷумла донишомӯзон ва наҳваи истифода аз чарогоҳҳо ва манобеи об таъкид карданд.
Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, фақат 520 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.