Ҳушдори Созмони байналмиллалии кор дар бораи афзоиши бекорӣ дар Афғонистон
(last modified Thu, 20 Jan 2022 17:42:30 GMT )
Январ 20, 2022 22:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони байналмиллалии кор дар бораи афзоиши бекорӣ дар Афғонистон

Созмони байналмиллалии кор дар бораи афзоиши бекорӣ дар Афғонистон ҳушдор дод .

Ба гузориши ИРНА, Созмони байналмиллалии кор имрӯз ( панҷшанбе ) эълом кард, беш аз ниме аз мардуми Афғонистон аз замони ба қудрат расидани гуруҳи Толибон дар ин кишвар маҷбур ба тарки машоғили худ шудаанд .
Созмони Миллали Муттаҳид низ бо интишори баёнияе бар пояи ҳушдорҳои созмони байналмиллалии кор эълом кард аз августи соли гузашта бо иқтисоди фалаҷшудаи Афғонистон бисёре аз машоғил аз даст рафта ва соъоти корӣ низ коҳиш ёфтааст .
Дар ин баёния омадааст занони афғон дар ин замина осебҳои ҷиддӣ диданду машоғили худро аз даст додаанд .
Пешбинӣ мешавад то авосити соли ҷории милодӣ аз даст додани машоғил афзоиш ёбад ва ба ҳудуди 700 ҳазор шуғл бирасад .
Ромини Беҳзод-ҳамоҳангкунандаи аршади Созмони байналмиллалии кор дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт : Шароити Афғонистон буҳронӣ ва ба пуштибонии фаврӣ ва изтирорӣ барои суботу беҳбудӣ ниёзманд аст .
Дар ин шароит қимати колову маводи ғизоӣ дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон аз ҷумла Кобул- пойтахти ин кишвар афзоиш ёфтааст .
Шаҳрвандони Кобул аз давлати муваққати Толибон дар Афғонистон хостанд аз афзоиш беравияи қимати колоҳову маводи ғизоӣ ҷилавгирӣ кунад .
Дар ҳамин ҳол мулло Муҳаммадҳасан Охунд- раиси давлати муваққати Толибон дар Афғонистон дируз дар нишасти якрӯза бо унвони « Иқтисоди Афғонистон » дар Кобул гуфт : Масдуд шудани дороиҳои ин кишвар аз тарафи Амрико иллати аслии буҳрони иқтисодӣ Афғонистон аст .
Дар ин шароити бади иқтисодии Афғонистон  Амрико ҳудуди 10 миллиард доллар дороиҳои мардуми Афғонистонро масдуд кардааст .
Низомиёни амрикоӣ пас аз 20 соли ишғолгарӣ бо хиффат, хорӣ ва шикаст авохири августи соли 2021 аз Афғонистон хориҷ шуданд.