Русия дар Қирғизистон нерӯгоҳи ҳастаӣ месозад
Мақомоти Қирғизистон ва Русия барои сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ тавофуқ карданд.
Ба гузориши “АКИ Пресс”, ширкати русии «Росатом” аз тавофуқи Қирғизистон ва Русия барои сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар хабар дод.
Ширкати давлатии “Росатом” дар сафҳаи твиттерии худ гузориш дод, ки Қирғизистон ва Русия барои сохти нерӯгоҳи ҳастаии камзарфият дар қаламрави ин кишвар тавофуқ карданд.
Ҷузъиёти ин тавофуқ ҳанӯз мушаххас нест ва бар асоси ҳаштагҳое дар Твиттер, ин тавофуқот дар намоишгоҳи “Экспо – 2020” ҳосил шудааст.
“Росатом” - ширкати давлатии Русия аст, ки шомили 400 ширкати хурд дар саноати ҳастаӣ аст. Ин ширкат тамоми нерӯгоҳҳои ҳастаии Русияро мудирият мекунад.
Ин ҳолдинг аз назари захоири уран рутбаи дувум, аз назари тавлид дар рутбаи панҷум ва аз назари тавлиди энержии ҳастаӣ рутбаи чаҳорум ва ҳамчунин ҳудуди 40 дарсад аз бозори ҷаҳонии ғанисозии уранро дар ихтиёр дорад.