65 миллиард доллар мизони тиҷорати мутақобили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
Бо эҳёи тиҷорати мутақобил байни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, мизони тиҷорати мутақобил байни кишварҳои АвруОсиё ба 65. 5 миллиард доллар расид.
Ба гузориши “Форс”, аз январ то ноябри соли 2021 ҳаҷми тиҷорати мутақобил байни кишварҳои узви АвруОсиё ба 65. 5 миллиард доллар расид, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 32. 4 дарсад бештар шудааст.
Бар асоси омор, мизони тиҷорат дар Қазоқистон 35. 3 дарсад, Русия 35. 2 дарсад, Қирғизистон 30. 4 дарсад, Арманистон 27. 4 дарсад ва Белорус 24. 8 дарсад расидааст.
Аз январ то ноябри 2021 дар муқоиса бо замони мушобеҳ дар 2020 ҳаҷми содироти молу коло аз Арманистон 29. 5 дарсад, аз Русия 27. 3 дарсад ва Қирғизистон 17. 3 дарсад ба бозори ин иттиҳодия афзоиш ёфтааст.
Белорус, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Арманистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастанд.