Таҳлил: Гуфтугӯҳои Толибон бо шахсиятҳои мухолиф дар Русия
(last modified Tue, 25 Jan 2022 07:46:38 GMT )
Январ 25, 2022 12:46 Asia/Dushanbe
  • Масъуд,  Солеҳ ва Рабонӣ дар Маскав бо Толибон ройзани мекунанд
    Масъуд, Солеҳ ва Рабонӣ дар Маскав бо Толибон ройзани мекунанд

Манобеъи Афғон аз ройзании зудҳангоми Аҳмадҳи Масъуд, Амруллоҳ Солеҳ ва Салоҳиддин Рабонӣ дар Маскав бо бархе мақомоти аршади ҳукумати Толибон хабар доданд.

Аҳмади Масъуд, фарзанди раҳбари аршади даврони ҷаҳод ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини раис ҷумҳури пешини Афғонистон қарор аст бо Мулло Бародар, муовини раиси давлати муваққати Толибон ва Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибон дар Русия дидор кунанд.

Ҳамзамон бо ин дидор  ҳайъате аз Толибон низ ба  Нурвеж   сафар кардааст,то бо маҳофили ғарбӣ дидор ва гуфтугӯ  кунанд. Ҳайъати Толибон дар ҳоле дар Русия бо ҷиноҳҳое аз мухолифон дидор мекунад,ки пештар ҳайъати Толибон ,ки ба раёсати Амирхонӣ Муттақи вазири умури хориҷаи давлати муваққати ин гурӯҳ ба Теҳрон сафар карда буд, ба Исмоилхон аз раҳбаронӣ ҷаҳоди ва Аҳмади Масъуд фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд қаҳрамони миллии Афғонистон дидор карданд. Ин дидор бо мавозеъ сахти Толибон барои ҳамкори бо соири гурӯҳо ва ҷиноҳҳои ҷаҳодӣ ва мухолиф ба натиҷа нарасид.

Акнун гурӯҳи Мулло Бародар дар Русия дар ҳоли ройзани аст,ки дар муқоиса бо гурӯҳи Муттақи ва Ҳақонӣ мулоимтар ва муҳофизакортар аст. Дар ин хусус ин нукта қобили таваҷҷуҳ аст,ки ройзаниҳои Толибон бо маҳофили ғарбӣ дар Қатар ва Нурвеж натиҷабахш набуда ва дар саддад аст бо мусолеҳа бо ҷараёнҳои мухолиф,ки ин бор дар Русия дар ҷараён аст,шароити муносибтареро барои идомаи ҳокимияти худ дар Афғонистон фароҳам кунад. Чунончи ин бардошт дуруст бошад метавон гуфт, Толибон роҳи сода ва беҳтареро барои коҳиши фишорҳои дохилӣ ва байналмиллалӣ бар худ баргузидааст.

Пирмуҳаммад Муллозаҳи коршиноси масоили Афғонистон дар ин бораи мегуяд: "Таҷруба нишон додааст,ки танҳо роҳи ҳаллӣ бӯҳронӣ Афғонистон гуфтугӯҳои байналафғонӣ аст. Мавзуе,ки интизори таърихи мардуми Афғонистон аст то ин кишвар ба сулҳи пойдор даст ёбанд."

Бидуни тардид маҳофили ғарбӣ даври ду даҳаи ишғолӣ Афғонистон нишон доданд,ки танҳо ба манофеъи худ меандешидан ва мардуми Афғонистон ҳеҷ арзиши дар сиёсатҳои минтақаъи Амрико надорад.Толибон ахиран бо пеш гирифтани сиёсатӣ дугона дар бархурд бо Амрико яъне мавазеъ гирифтан эъломи мухолиф ва аз сӯйи дигар гуфтугӯҳои пинҳони аз ҷумла дар Қатар ба ин натиҷа расидааст ,ки Вашингтон  намехоҳад ба ҳаллӣ мушкилоти мардуми Афғонистон кумак кунад ва бо масдуд нигаҳ доштан дороиҳои Афғонистон амалан сиёсатӣ фишори ҳадиаксариро бар Толибон дар пеш гирифтааст то ин гурӯҳро водор ба пазириши хостаҳои Кохи Сафед кунад.

Нӯвзари Шафеъи коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегуянд: Ҳаргуна эътимод ба ғарб дар Афғонистон иштибоҳи бузургӣ аст ва Амрико дар рафтори ахираш дар он кишвар онро собит кард.

Дар ҳар ҳол, Афғонистон дар чаҳор даҳаи гузашта чандин низомӣ сиёсиро таҷруба карда,ки натавонистанд бо эҷоди иттиҳод ва вифоқи миллӣ ба ҳаллӣ асосии бӯҳрони Афғонистон кумак кунад. Бинобарин Толибон фурсати дигар ва таърихиро барои таҳақуқи ин ҳадаф пайдо кардааст,ки интизори мардуми Афғонистон низ беш аз ин нест.

 

Бештар бихонед: