Январ 26, 2022 21:19 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон мизбони нишасти Шӯрои ҳамоҳангкунандагони миллии Созмони ҳамкории Шанхай

Нишасти давраии Шӯрои ҳамоҳангкунанадагнони миллии Созмони ҳамкории Шанхай ба раёсати Узбакистон оғоз шуда аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар маросими ифтитоҳияи ин нишаст, ки имрӯз чаҳоршанбе ба сурати нимаҳузури ва маҷозӣ баргузор шуд Ғайрат Фозилов, муовини вазири умури хориҷаи Узбакистон Ҷонг Мин, дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Руслан Мирзоев, раиси кумитаи иҷроии сохтори минтақаии зиддитерроризми ин созмон ширкат карданд.

Дар чорчуби ин нишаст намояндагони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар мавриди раванди тамҳидоти нишастҳои қарибулвуқуи раисони ҷумҳури кишварҳо ва дигар органҳои ин созмон табодули назар ва тарҳи феҳрести аснод барои имзоро баррасӣ карданд.

Нишасти давраии Шӯрои ҳамоҳангкунанадагнони миллии Созмони ҳамкории Шанхай  то 28 январи соли ҷорӣ идома дорад. Гуфтанӣ аст Узбакистон аз моҳи сентябри соли 2021 раёсати Созмони ҳамкории Шанхайро бар уҳда дорад.

Созмони ҳамкории Шанхай, сомони байналмиллалии байнидавлатие аст, ки июни 2001 дар Шанхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ба манзури муқобила бо терроризм ва ифротигароӣ ва ҳамкории фазояндаи иқтисодӣ таъсис шуд ва дар июни 2017 Ҳинд ва Покистон низ ба ин созмон пайвастанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бистуякумин иҷлоси Созмони ҳамкории Шанхаӣ, ки дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд бо райи тамоми аъзо расман ба увзияти аслии ин созмон даромад.

 

Барчасп