Январ 27, 2022 22:18 Asia/Dushanbe
  • Истихроҷ аз маъдани ингишти Ғури Афғонистон

Истихроҷ аз маъдани ангишти Ғури Афғонистон оғоз шуд.

Намояндаи вижаи волии Ғур гуфт: Истихроҷ аз маъдани ангишти Ғур оғоз шуд ва ниёзманди сухти мардуми ин шаҳр бо оғоз ба кори ин маъдан бартараф хоҳад шуд.

Мавлавӣ Раҳматулло Амонӣ бо ишора ба ин ки дар гузашта шаҳвардон барои сухти мавриди ниёзи худ аз дарахтон ва буттаҳо истифода мекарданд, гуфт: Ҳоло дигар ниёз ба тахриби табиъат нест ва бо истихроҷи маъдани ангиштсанг шаҳрвандон метавонанд то бо қимати арзон сухти мавриди ниёзи худро таъмин кунанд.

Вай таъкид кард: Ҳукумат гомҳои муассиреро барои пешрат дар вилоятҳои мухталиф бардошта аст ва ба зуди вилоятҳое, ки дар гузашта маҳрум буданд шоҳиди ободонӣ ва рифоҳ хуҳанд буд.

Ғур яке аз вилоятҳои маҳрум дар ҳавзаи ғарби Афғонистон аст, ки дар ҳукумати гузашта ба далили таваҷҷуҳ накардани масъулони ҳукумати ҳеҷ тарҳи умрони дар он иҷро нашуд, аммо ҳоло бо рӯи кор омадани ҳукумати Толибон истихроҷи маъдани ангишт дар он шуруъ шудааст.

  • Воҳиди Шаҳриёр, раиси ширкати хуссисии истихроҷи маъданҳо дар Ғур гуфт: Пас аз ҳифор дар шаҳристони Алоёри вилояти Ғур маъдани ангишт, омодаи истиғроҷ шуд ва қарор аст то рӯзона ҳудуди 50 тонна ангишт аз ин маъдан истихроҷ шавад.
  • Вай афзуд: Оғоз ба кори маъдани Ғур садҳо тан иштиғол эҷод хоҳад кард.
  • Шаҳриёр ҳамчунин гуфт: Қарор аст то дар канори истихроҷи зуғолсанг, дар барномаҳои дарозмудат заминаи тавлиди энергетикаро фароҳам карда ва бозсозии хиёбонҳоро оғоз кунанд.

Аз сӯи дигар Абдулкарими Ҳиммат, масъули идораи маъдани вилояти Ғур низ дар ин маврид баён кард, ҳукумат мусамам аст то такия бар неруҳои мутахасис дар Афғонистон маъодини худро дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон истихроҷ кунанд то дар канори эҷоди фурсатҳои корӣ барои шаҳрвандон аз доштаҳои маъдании худ истифода кунад.

Аҳмадулло Лабиб, фармондеҳи полиси вилояти Ғур  ҳам дар ин бора изҳор кард, тамоми неруҳои амниятӣ дар ин вилоят омодаи таъмини амнияти ширкатҳо, кормандон ва маъданҳоро таъмин кунанд ва аз сӯи дигар бо гуруҳҳое, ки қасди вайрон кардан ва ё истихроҷи ғайри қонуни маъданҳоро дошта бошанд ба шиддат бархурд хоҳанд кард.