Январ 30, 2022 15:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи неруҳои террористии Амрико дар Сурия

Манбаи расонаӣ аз ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи ишғолгарони амрикоӣ дар устони Алҳасакаи шимоли шарқи Сурия хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз канали Собирин ниюс, манобеи маҳаллӣ эълом карданд ин ҳамлаи ракетӣ дар пайи идомаи даргириҳо миёни неруҳои демократии курди Сурия ва гуруҳи террористии ДИИШ рух додааст. Дар ин ҳамла пойгоҳи террористҳои амрикоӣ дар минтақаи Ашшдодӣ дар устони Алҳасака бо чаҳор мушаки Катюша ҳадаф қарор гирифт .
Пас аз ин ҳамлаи ракетӣ садои инфиҷорҳои шадид шунида шуд ва сутуне аз дуд осмони ин пойгоҳро фаро гирифт . Ҳануз аз талафоту хисороти эҳтимолии ин ҳамла хабаре мунташир нашудааст .
Неруҳои терруристи Амрико аз неруҳои курди Сурия ҳимоят мекунанд . Бо ин ҳол  гоҳе миёни гуруҳҳои мухталифи террористӣ дар Сурия, шомили террористҳои Амрико ва ДИИШ низову даргирӣ рух медиҳад ва ин мавзӯъ амри табиӣ аст . Аслитарин далели бурузи таниш миёни террористҳо талош барои сайтара бар манотиқи нафтхези ин кишвар аст .

Дар рӯзҳои гузашта низ даргириҳое байни неруҳои демократики Сурия, ки масъӯлияти таъмини амнияти зиндони Алҳаскаро бар ӯҳда дорад ва аносири ДИИШ дар наздикии зиндон рух дод .