Феврал 07, 2022 13:19 Asia/Dushanbe
  • Сабти аввалин мавриди бемории фалаҷи атфол дар Афғонистон дар соли 2022

Аввалин бемори мубтало ба фалаҷи атфол дар соли 2022 дар Афғонистон шиносоӣ шуд.

Масъулони беҳдоштии Афғонистон эълом карданд, ин бемор дар ноҳияи Дилаи вилояти Пактико зиндагӣ мекунад.

Неквалишоҳ Муъмин, раиси маркази амалиёти мубориза бо фалаҷи атфол дар Афғонистон гуфт, ин бемор духтаре дусола аз вилояти Пактико мебошад, ки ба навъи аввали вируси фалаҷи кӯдакон мубтало шудааст.

Ба гуфтаи вай, навъи сохтори женетикии вирус тасбит шудаву шабеҳ ба вирусе аст, ки дар шаҳри Кувайтаи Покистон дар гардиш буд.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта чаҳор мавриди фалаҷи атфол дар Афғонистон ба сабт расида буд, ки се мавриди он дар ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Кундӯз ва як мавриди дигар дар ноҳияи Андари вилояти Ғазнӣ буд.

Афғонистон ва Покистон аз қабили кишварҳое ҳастанд, ки ҳанӯз бемории фалаҷи атфол дар он решакан нашудааст.