Cафари Эрдуғон ба Узбакистон
Ноябр 17, 2016 18:06 Asia/Dushanbe
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия имрӯз барои як дидори расмӣ ба Узбакистон сафар кард.
Ба гузориши ИРНА, раисҷумҳури Туркия дар ду рӯзи сафари расмӣ ба Узбакистон бо Шавкат Мирзиёев, сарпарасти риёсатҷумҳурӣ ва нахуствазири ин кишвар дидор намуда, дар мавриди равобити Туркия ва Узбакистон, ҳамчунин таҳаввулоти минтақаию байналмилалӣ табодули назар хоҳад кард.
Дар назар аст, Эрдуғон барои адои эҳтиром ба оромгоҳи Ислом Каримов, раисҷумҳури фақиди Узбакистон, ки ду моҳ пеш даргузашт, ба шаҳри Самарқанд сафар кунад.
Сафари Эрдуғон ба Узбакистон фурсати муҳиме барои беҳбуд бахшидан ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои ду кишвар унвон шудааст.
Барчасп