Феврал 09, 2022 12:38 Asia/Dushanbe
  • Ваксинатсияи 50 дарсадии мардуми Қирғизистон

Вазорати беҳдошти Қирғизистон эълом кард, як миллиону 104 ҳазору 371 нафар ду дозаи ваксинаи коронаро тазриқ карданд.

Ба гузориши "Форс", Вазорати беҳдошти Қирғизистон эълом кард, ҳудуди ниме аз мардум дар баробари Ковид-19 ваксина шуданд.

Бар асоси омори Вазорати беҳдошт, 49 дарсад аз шаҳвандоне, ки дар радаи синнии ваксинатсия қарор гирифтаанд, ҳар ду дозаи воксанаи худро дарёфт кардаанд.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Қирғизистон, барои дастёбӣ ба масунияти ҷамъият лозим аст 2 миллиону 249 ҳазору 371 нафар, муодили 70 дарсади ҷамъият ин воксанро дарёфт кунанд.