Мақомоти Афғонистон мавзӯи барканории сафири феълӣ дар Русияро матраҳ накардаанд
(last modified Thu, 10 Feb 2022 14:30:15 GMT )
Феврал 10, 2022 19:30 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Афғонистон мавзӯи барканории сафири феълӣ дар Русияро матраҳ накардаанд

Намояндаи раиси ҷумҳӯри Русия дар умӯри Афғонистон мегуяд мақомоти Афғонистон мавзӯи барканории сафири феълӣ дар Русияро матраҳ накардаанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Замир Кобулов дар мусоҳибае бо рӯзномаи Известия гуфт : Толибон аз мақомоти Русия ҳам хостанд, ки чанд дипломати дигрро ҳам бипазиранд .

Вай гуфт : " Мақомоти расмии феълии Афғонистон аз мо хостаанд, ки ду ё се дипломатро дар инҷо ( Маскав ) бипазирем " .Ба гуфтаи вай  Маскав " мувофиқ аст, ки чунин дипломатҳое биёянд " .
Намояндаи вижаи Путин дар умӯри Афғонистон таъкид кард : То онҷо ки ин як амри дохилии мақомоти Афғонистону сафоратхонаҳои онҳо аст, мо дар ин гуна равандҳо дахолат намекунем .