Феврал 12, 2022 10:47 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон мизбони размоиши зиддитеррористӣ бо унвони «Марз – 2022»

Раиси Ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) аз баргузории размоиши зиддитеррористӣ дар Тоҷикистон бо унвони «Марз - 2022» хабар дод.

Ба гузориши Форс, Анатолий Сидоров, раиси Ситоди муштараки СПАД дар нишасти матбуотӣ феҳристи размоишҳоеро, ки ин созмон қасд дорад дар соли ҷории милодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор кунад, эълом кард.

  • Вай хотирнишон кард, омӯзиши муштараки органҳои фармондеҳӣ, кантрол ва ташкили нерӯҳо ва абзорҳои низоми амнияти ҷамъӣ, монанди соли гузашта бар рӯи мавзуоти зиддитеррористӣ мутамарказ хоҳад буд.
  • Ба гуфтаи вай, қарор аст, размоишҳои муштараку вижае дар хоки Қазоқистон бо таркиби сохторҳои мухталифи ин созмон шавад.
  • Ба таври вижа дар пойгоҳҳои низомии Қазоқистон размоиши вижаи неру ва абзорҳои шиносоии «ҷустуҷӯӣ - 222» , тамриноти вижа бо мушорикати неру ва васоили тадорукотӣ «қатор - 2022» ва размоиши фармондеҳӣ ва ситоди таҳти унвони «таомул - 2022» анҷом мешавад.
  • Ӯ гуфт, марҳалаи поёнии размоишҳои мазкӯр дар қаламрави Қирғизистон баргузор мешавад.

Анатолий Сидоров хотирнишон кард, ки дар чорчӯби беҳбуди таомули иттилоотӣ дар қолаби ин созмони баргузории чандин тамрини муштараки маркази вокуниш ба буҳрон бо гурӯҳҳои амалиётии органҳои марбутаи кишварҳои узв барномарезӣ шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп