21 исфанд замони баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати Ҷумҳурии Тукманистон
(last modified Sun, 13 Feb 2022 08:51:12 GMT )
Феврал 13, 2022 13:51 Asia/Dushanbe
  • 21 исфанд замони баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати Ҷумҳурии Тукманистон

12 марти соли ҷорӣ (21 исфанд) интихоботи зудҳангоми раёсати Ҷумҳурии Туркманистон баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, тибқи эъломи Бозаргон Қараев, дастёри раиси камисёни марказии интихобот ва ҳамапурсии Туркманистон дар таърихи 12 марти соли ҷорӣ (21 исфанд) интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар баргузор хоҳад шуд.

Қурбонқули Бердимуҳаммадов, раиси Ҷумҳурии Туркманистон зимни суханронӣ дар нишасти фавқулодаи маҷлиси халқи маслиҳати бар зарурати фароҳам кардани фурсат барои роҳбарони ҷавон ҷиҳати мудиряти кишвар таъкид кард.

Тибқи гузориши расонаҳои Туркманистон, Бердимуҳаммадов ба раиси комисюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Туркманистон дастур дода аст тибқи қонуни асосӣ ва дигар қавонини марбут ба ин кишвар иқдом ба фароҳам кардани муқадимоти баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ кунад.

Ҳар яке аз шаҳрвандони Туркманистон, ки мутавалиди ин кишвар ҳастанд ва аз 40 сол ба боло син дошта, ба забони давлатии туркмани ошно бошанд ва дар 15 соли ахир ба таври доим дар Туркманистон зиндагӣ ва кор карда бошанд метавонад дар интихоботи раёсати ҷумҳури номзад шаванд.

Раиси Ҷумҳурии Туркманистон ба таври мустақим аз сӯи мардум ва барои як давраи ҳафтсола интихоб мешавад.

Охирин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркманистон дар соли 2017 баргузор шуд.