Таҳлил: Эътирози мардуми Кобул ба мусодираи амволашон аз сӯи Амрико
(last modified Wed, 16 Feb 2022 10:10:27 GMT )
Феврал 16, 2022 15:10 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Кобул дар эътироз ба мусодираи дороиҳои Афғонистон аз сӯи Амрико тазоҳурот карданд
    Мардуми Кобул дар эътироз ба мусодираи дороиҳои Афғонистон аз сӯи Амрико тазоҳурот карданд

Мардуми Кобул дар эътироз ба мусодираи дороиҳои Афғонистон аз сӯи Амрико тазоҳурот карданд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико дар иқдоми ғайриинсонӣ 3.5 миллиард доллар аз 7 миллиард доллар дороиҳои Афғонистонро, ки масдуд карда буд, ба унвони ғаромат ба қурбониёни ҳамлаи 11 сентябр ихтисос дод ва бақияи он таҳти назорати Амрико ба истилоҳ ба ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дода хоҳад шуд.

Ин тасмими Ҷо Байден ҷиноят зидди мардуми Афғонистон талаққӣ мешавад, зеро буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон ҷони миллионҳо тан аз мардуми ин кишварро ба хатар андохтааст ва мардуми Афғонистон ба шиддат ба ин пул ниёз доранд.

Ин дар ҳоле аст, ки акнун ҳеҷ тағйири вазъияте дар мавриди пулҳои мардуми Афғонистон сурат нагирифт, балки аз шароити масдуд ба шароити мусодира табдил шудааст. Ин ба он маъно аст, ки давлати Ҷо Байден ин ҳақро барои худ қоил шудааст, ки амволи мардуми Афғонистонро ба дилхоҳи худ харҷ кунад.

Амини Фарҷод ,коршиноси масоили Афғонистон дар ин бора мегӯяд: Яке аз нигарониҳои матраҳ дар мавриди равиши ҳазинакарди дороиҳои мардуми Афғонистон, ихтисоси бахше аз онҳо ба гуруҳҳои муориз ва мухолифи мардуми Афғонистон аст, ки эҳтимолан аз баҳор ҳамалоти худро зидди Толибон оғоз кунанд.

Ин ба ин маъно аст, ки Амрико аз ин пулҳо таҳти унвони кумак ба қурбониёни 11 сентябр ин сигнали мусбатро ба гуруҳҳои мухолифи Толибон дар Афғонистон фиристодааст, ки метавонанд аз ин радифи буҷет барои тақвияти мавқеияти худ истифода кунанд, ки эҳтимолан метавонад шомили гуруҳҳои мухолифи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон низ бошад. Дар ин сурат таҳлили нозирони сиёсӣ, ки муътақиданд бо ҳузури Толибон амнияти минтақа бештар ба хатар хоҳад уфтод, ба воқеият табдил хоҳад шуд.

Муҳаммади Муллозиҳӣ, коршиноси масоили Афғонистон дар ин бора мегӯяд: Амрико аз ҳар абзоре барои эъмоли фишор бар Толибон ва мардуми Афғонистон истифода мекунад то ин гуруҳро дар масири сиёсатҳои худ нигаҳ дорад, ки муҳимтарини он бозгашти Толибон ба тавофуқномаи Доҳа аст.

Ба ҳар ҳол, Амрико бо мусодира кардани дороиҳои мардуми Афғонистон аз як сӯ нишон дод, ҷону саломатии онҳо барои Амрико ҳеҷ арзише надорад, дувум он ки бо амволи худи мардуми Афғонистон ба ҷанги онҳо ва Толибон хоҳад рафт ва севвум он ки дасти Толибон ба ҳеҷ унвон ба пулҳои басташуда дар Амрико нахоҳад расид ва ин пулҳо бо номи дигари "мусодира бо салоҳдиди Вашингтон" ва дар ростои манофеи Кохи Сафед ҳазина хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: