Феврал 18, 2022 19:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории низомии Қирғизистон ва Амрико

Намояндагони неруҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва Амрико дар мавриди ҳамкории низомӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши «Форс», намояндагони неруҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва Иёлоти Муттаҳида дар ҷаласае дар мавриди пешнависи барномаи ҳамкории низомии 5 сола баҳсу гуфтугӯ карданд.

Дар ин нишаст намояндагоне аз Вазорати ҳолатҳои фаҷқулода, Вазорати дифоъ ва Хадамоти горди марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҳузур доштанд.

Ҳамчунин аз тарафи амрикоӣ, намояндагони Горди миллии иёлати Монтана, фармондеҳии марказии неруҳои мусаллаҳи Амрико ширкат карданд.

Ҳадаф аз ин нишаст таҳияи пешнависи барномаи ҳамкорӣ байни идороти низомии Қирғизистон ва неруҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида аст, ки равобити дуҷонибаву ҳамкории амниятиро тақвият кунад.

 

Барчасп