Феврал 22, 2022 18:25 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Русия амнияти Луганск ва Донескро тазмин мекунад

Вазири умури хориҷа аз тазмини  амнияти Лганск ва Донеск аз сӯи Маскав хабар дод.

Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия асри душанбе эълом кард, ки Маскав истиқлоли Ҷумҳуриҳои мардумии Донеск ва Луганскро ба расмият шинохта ва дар кохи Кремл қарордодҳои ҳамкори ва дустиро бо сарони ин ҷумҳуриҳо имзо кард.

Владимир Путин ҳамчунин пас аз расмият шинохтани ҷумҳуриҳои Донеск ва Луганск, дастур дод нерӯҳои ҳозифи сулҳи ин кишвар вориди манотиқ шаванд.

Ин иқдоми Путин бо вокунишҳои Амрико ва шарикони ғарбии ин кишвар мувоҷеҳ шуд.

Денис Пушилин ва Леонид Пасечник сарони ҷумҳуриҳои ҳалқии Донеск ва Лугански Украина рӯзи душанбе аз раиси Ҷумҳурии Русия хоста буданд, то ин манотиқро ба унвони ҷумҳуриҳои мустақил ба расмият бишносад. Ҳафтаи гузашта Думаи Русия низ бо ирсоли дархосте аз Путин, хоста буд то истиқлоли ҷудоиталабони Донеск аз Украинаро ба расмият бишносад.

Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Русия 24 эълом кард, имзои қарордоди ҳамкорӣ ва кумаки мутақобил байни Русия ва ҷумҳуриҳои Донеск ва Луганск, амнияти ин ду ҷумҳуриро тазмин мекунад.

Лавров ҳамчунин гуфт, изҳороти хасмонаи мақомоти Украина, иқдоме барои ирсоли бисёр густардаи силоҳ ба ин кишвар ва гулулаборони манотиқи ҷумҳуриҳои Донеск ва Луганск барои Русия нигаронкунанда аст.

Минтақаи Донбас дар шарқи Украина аз манотиқи Донеск ва Луганск ва низ чанд минтақаи руснишини дигар ташикл шуда ва ин ду вилоят дар соли 2014 дар чаҳор меҳвари густариши нуфузи низомии НАТО ба вижа Амрико наздики Русия ва дар шарқи Аврупо, буҳрони Укарина, баҳри Балтика ва авзоъи Сурия тира шуда аст.

Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз соли 2014 то кунун маҷмуъае аз таҳримҳои иқтисодӣ ва молии зидди Русияро вазъ карданд, ки вокуниши мутақобили Маскавро дар пай дошта аст.

 

Барчасп