Маҳкумияти таҳримҳои якҷониба зидди Русия аз сӯи Чин
Вазорати умури хориҷаи Чин ба шиддат бо эъмоли таҳримҳои якҷониба бар Русия бар сари буҳрони Украина мухолифат кард.
Шабакаи телевизионии "Си Ҷи Ти Эн" эълом кард, хонум Ха Чо Нинг, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин имрӯз - чаҳоршанбе эъмоли таҳримҳои якҷонибаи ғарб зидди Русияро рад кард ва бори дигар таъкид кард, ки танишҳои Маскав бо Киев бояд аз тариқи гуфтугӯ ва машварат ҳалу фасл шавад.
- Чо Нинг дар як канфронси матбуотӣ дар посух ба суоле, ки оё Чин дар таҳримҳои Русия бар сари Украина ба кишварҳои ғарбӣ мепайвандад, гуфт: Таҳримҳо ҳаргиз роҳи муассире барои ҳалли мушкилот набуда ва Чин ҳамеша бо таҳримҳои якҷониба мухолифат кардааст.
Чо Нинг, ки дастёри вазири хориҷаи Чин низ ба ҳисоб меояд, афзуд: Бояд дид, Амрико ба унвони муқассири ташдиди таниш байни Украина ва Русия чӣ нақше ифо мекунад? Онҳо чӣ карданд? Муттаҳам кардани дигарон ба нокоромадӣ дар хобондани оташи ҷанг ва дар ҳоли ҳозир афзудани сӯхт ба ин оташ ғайримасъулона ва ғайриахлоқона аст.
- Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин гуфт: Амрико бо ирсоли идомадори таслеҳот ба Украина ҳамвора тарсро густариш дод. Ин дар ҳоле аст, ки Чин дар муқобил аз кишварҳо ва тарафҳои марбута мехоҳад зимни эҳтиром ба якдигар, ба нигарониҳои машрӯи ҳам таваҷҷуҳ кунанд, мушкилотро аз тариқи музокирот ҳал намуда ва ба таври муштарак барои ҳифзи сулҳу суботи минтақа бикӯшанд.
Дар авҷи афзоиши танишҳо, ҳомиёни ғарбии давлати ғарбгаро бо барафрохтани бештари оташи танишҳо, ҳавопаймоҳои пур аз таслеҳоти пешрафтаро ба Киев фиристода ва муддаӣ шуданд, ки барои дифоъ аз Украина дар баробари Русия ба онҳо ниёз аст.