Феврал 24, 2022 13:21 Asia/Dushanbe
  • Қарзи 273 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё ба Узбакистон

Бонки Рушди Осиё барои бозсозии 193 километр ҷода дар Узбакистон 273 миллону 850 ҳазор доллар қарз ба ин кишвар ихтисос дод.

Ба гузориши  Форс, тавсеаи зербаноии ҳамлу нақли заминӣ барои рушди иқтисоди Узбакистон, ки дастрасии ба дарё надорад, дорои аҳамият аст.

Ин қарзи Бонки Рушди Осиё ба бозсозии ҳудуди 106 километр ҷодаи заминӣ байни Дарбанд ва Данов дар вилоятҳои Сурхондарё ва такмили бозсозии ҳудуди 87 километр бузургроҳи A380 Гузар-Бухоро-Нукус-Бину кумак хоҳад кард.

Ин бузургроҳ яке аз масирҳои тиҷорати калидии минтақа ва бахше аз каридори 2 барномаи ҳамкориҳои иқтисоди минтақаи Осиёи Марказӣ мутасил кунандаи Афғонистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон аст.

Узбакистон дар соли 1995  ба узвияти Бонки Рушди Осиё даромад ва ин ниҳоди молӣ аз соли 1995  то кунун 75 қарз ба арзиши кулли 8 миллиарду 100 миллион доллар дар ихтиёри Узбакистон қарор дода аст.

 

Барчасп