Феврал 26, 2022 13:59 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои духтари бузурги аввалин раисиҷумҳури Қазоқистон аз мақоми намояндагии парлумон

Духтари бузурги аввалин раисиҷумҳури Қазоқистон аз симмати худ истеъфо кард.

Ба гузориши Форс, Дарига Назарбаева дар изҳороти худ дар ин маврид гуфт: Қасд дорад фаъолиятҳои иҷтимоӣ, башардӯстона, фарҳангӣ ва хайрия анҷом диҳад.

Вай дар идома аз мардуми Қазоқистон, ки ба ҳизби « Нур Отан» раъй доданд, аъзои ҳизб ва раҳбарии ин кишвар ба хотири эътимодӣе,ки ба вай карданд, ташаккур кард.

Бинобар суханони вай, ҳаводиси ғамангези январи имсол нишон дод, ки бидуни осмони ором, бидуни иттиҳоди мардуми Қазоқистон, ҳеҷ шукӯфоӣ ва тавсеаи бештари ин кишвар вуҷӯд нахоҳад дошт.

Дарига Назарбаева воқеаҳои январи соли ҷории милодӣ дар кишварашро як фоҷеа барои мардуми Қазоқистон донист.

 

Барчасп