Дурахшиши шоири афғонистонӣ дар ҷашнвораи шеъри Фаҷри Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i81990-Дурахшиши_шоири_афғонистонӣ_дар_ҷашнвораи_шеъри_Фаҷри_Эрон
Асари шоири афғонистонӣ барандаи ҷоизаи ҷашнвораи шеъри « Фаҷр » шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 27, 2022 12:25 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши шоири афғонистонӣ дар ҷашнвораи шеъри Фаҷри Эрон

Асари шоири афғонистонӣ барандаи ҷоизаи ҷашнвораи шеъри « Фаҷр » шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маҷмӯъаи ашъори Шарифи Саъидӣ, шоири афғонистонӣ бо номи « Самоъи маҳшар »- барандаи ҷоизаи шонздаҳумин ҷашнвораи шеъри « Фаҷр »-и Эрон шуд. 

Бахши вижаи ин давра аз ҷашнвораи шеъри Фаҷр ба « порсигӯёни дигар миллал » ихтисос дошт, ки Аскар Ҳаким бо нигориши китоби « Оҳанги боду борон », Муҳаммадшарифи Саъидӣ бо нигориши китоби « Самоъи маҳшар » ва Меҳдии Боқирхон бо нигориши китоби “Шерози Ҳинд » ба унвони барандаи ин бахш муаррифӣ шуданд.
« Самоъи маҳшар »-маҷмӯъаи ғазалҳои Муҳаммадшарифи Саъидӣ- шоири ғазалсарои афғонистонӣ аст, ки муассисаи фарҳангӣ-ҳунарии “Шоирони порсизабон” дар Теҳрон чоп кардааст.