Март 03, 2022 12:14 Asia/Dushanbe
  • Назир Муҳаммадализода ва Нурон Ниёзалиев дар Бишкек мулоқот карданд
    Назир Муҳаммадализода ва Нурон Ниёзалиев дар Бишкек мулоқот карданд

Сафири Тоҷикистон дар Бишкек бо муовини аввали вазири хориҷаи Қирғизистон мулоқот кард.

Ба гузориши Садои Хуросон аз сомонаи Авесто, Назир Муҳаммадализода ва Нурон Ниёзалиев дар ин дидор дар бораи вазъи ҳамкориҳои дуҷониба  ва дурнамоии равобити дуҷониба баҳс ва табодули назар карданд.

Дар ин дидор ба зарурати ҳамоҳангии бештар миёни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон, тасреҳи фаъолияти комисиюни муштараки аломатгузориии марзӣ ва баргузории нишасти мақомоти дукишвар барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ таъкид шуд.

 

Бештар бихонед: 

Барчасп