Талоши Тоҷикистон ва Узбакистон барои роҳандозии қаторҳои гардишгарӣ
(last modified Thu, 03 Mar 2022 08:46:04 GMT )
Март 03, 2022 13:46 Asia/Dushanbe
  • Қаторҳои гардишгарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аз шаҳрҳои Андиҷон, Конибодом, Хуҷанд, Душанбе Самарқанд, Бухоро ва Қарши мади назар аст
    Қаторҳои гардишгарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аз шаҳрҳои Андиҷон, Конибодом, Хуҷанд, Душанбе Самарқанд, Бухоро ва Қарши мади назар аст

Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон ва Узбакистон талоши тозаеро барои роҳандозиии қаторҳои гардишгарӣ миёни дукишвар оғоз кардаанд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Абдуллоҳ Обидов мудири ширкати роҳи оҳани вилояти Суғд гуфт: Бар асоси барномаи тавофуқ шуда убури қаторҳои гардишгарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аз шаҳрҳои Андиҷон, Конибодом, Хуҷанд, Душанбе Самарқанд, Бухоро ва Қарши мади назар аст.

Вай афзӯд: Ду сол қабл тарҳи роҳандозии қаторҳои гардишгарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон матраҳ шуда буд, ки густариши ковид 19 монеъи иҷроии ин барнома шуд.

Мудири ширкати роҳи оҳани вилояти Суғд идома дод, дар ҳоли ҳозир ба далели вируси корона ду сол аст, ки ҳаракати ҳафтаии қаторҳо аз Хуҷанд, Душанбе ва Кӯлоб ба Маскав лағв шудааст.

 

Бештар бихонед: