Ҳамкориҳои дуҷониба меҳвари ройзаниҳои сиёсии Узбекистон ва Муғулистон
(last modified Thu, 17 Mar 2022 07:19:39 GMT )
Март 17, 2022 12:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои дуҷониба меҳвари ройзаниҳои сиёсии Узбекистон ва Муғулистон

Шашумин даври ройзаниҳои сиёсии Узбекистону Муғулистон баргузор шуд.

Ба гузориши Форс, шашумин даври ройзаниҳои сиёсии Узбекистону Муғулистон байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишвар ба сӯрати видеоконфронс баргузор шуд.

Ҳайатҳои ду кишвар ба сарпарасти Фурқат Сиддиқов, муовини вазири умури хориҷаи Узбекистон ва  Б.Мунхжин, муовини вазири умури хориҷаи Муғулистон ҳамкориҳои Узбекистону Муғулистон дар заминаҳои мухталифро баррасӣ карданд.

Тарафайн алоқамандии худро барои ташдиди равобити сиёсӣ, тавсеаи гуфтугуи байни порлумонӣ, густариши пояи қарордодӣ - ҳуқуқӣ иброз доштанд.

Дар ин ройзанӣ дар мавриди дастури кори байналмилалӣ ва минтақаӣ ва ҳамчунин абъоди мухталифи ҳамкориҳои мутақобили тарафайн дар чорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ табодули назар шуд.

Муғулистон истиқлоли Узбекистонро дар 19 декабри 1991 ба расмият шинохт ва дар 25 январи 1992 байни ин ду кишвар равобити дипломатӣ барқарор шудааст.