Марги Гулнора Каримова дар ҳолаи ибҳом
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i8332-Марги_Гулнора_Каримова_дар_ҳолаи_ибҳом
Бархе расонаҳои русӣ ба нақл аз манобеи хабарии худ дар Узбакистон аз маргу дафни пинҳонии Гулнора, духтари Ислом Каримов, раисҷумҳури фақиди ин кишвар хабар доданд, вале ҳамзамон интишори ахбори дигаре ибҳом дар ин бора эҷод кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 23, 2016 14:40 Asia/Dushanbe
  • Марги Гулнора Каримова дар ҳолаи ибҳом

Бархе расонаҳои русӣ ба нақл аз манобеи хабарии худ дар Узбакистон аз маргу дафни пинҳонии Гулнора, духтари Ислом Каримов, раисҷумҳури фақиди ин кишвар хабар доданд, вале ҳамзамон интишори ахбори дигаре ибҳом дар ин бора эҷод кардааст.

Ба иттилои Ирно, рӯзномаи пуршумораи русии Московский Комсомолетс рӯзи чаҳоршанбе бо титри муҳими “Гулнора духтари Ислом Каримов, раисҷумҳури фақиди Узбакистон батаври пинҳонӣ масмум ва ба хок супурда шуд” ва Новие Известия бо унвони “Гулнораи Узбакистон масмум ва қабраш бо хок яксон шуд” мунташир шуд.

Ин расонаҳо манбаи худро изҳороти як мақоми амниятии муътабар бидуни зикри ном эълом кардаанд, ки гуфта дар маросими дафни духтари 44 солаи Ислом Каримов ҳузур доштааст.

Аз сӯи дигар як манбаи наздик ба хонаводаи раисҷумҳури фақиди Узбакистон, бидуни инки ҳозир ба эъломи ном худ бошад, ин хабарро нодуруст хонд.

Ҳамзамон як манбаи масъули амниятӣ дар Узбакистон ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки ин хабар нодуруст аст, вале токунун ҳеч такзибияи расмӣ ё давлатӣ дар ин замина интишор наёфтааст.

Гулнора, ки ба унвони як хонандаи маъруфи попи Узбакистон аз соли 2014 ба сабаби парвандаҳои фасоди молӣ дар боздошти хонагӣ ба сар мебарад, ба унвони яке аз муддаиёни ҷонишинии Ислом Каримов матраҳ буд.