Апрел 04, 2022 12:17 Asia/Dushanbe
  • Сӯиқасд ба ҷони раиси ҷумҳурии Қазоқистон хунсо шуд

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз боздошти як маъмури иттилоотии хориҷӣ, ки қасди террори раиси ҷумҳурии ин кишварро дошт, хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, дар иттилоияи маркази матбуотии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон омадааст, бахши зиддииттилооти Кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Нурсултон як маъмури иттилооти хориҷиро, ки шаҳрванди Қазоқистон будаву қасди сӯиқасд ба ҷони раиси ҷумҳурии Қазоқистон ва кормандони олирутбаи давлатиро дошт, боздошт кард.

Анҷоми иқдомоти террористӣ алайҳи кормандони хадамоти вижаву интизомӣ низ аз дигар аҳдофи вай будааст.

Дар бозрасӣ як қабза аслиҳа ба ҳамроҳи садохафакун, маводи мухаддир ва миқдори зиёде пул кашфу мусодира шуд.

Қатаоти аслиҳа ба сурати муҷаззову ҳирфае ба Қазоқистон ворид шудааст.

Дар бахши дигаре аз ин иттилоия омадааст, таблиғоти зиддирусӣ дар Қазоқистон ва ташдиди русҳаросӣ дар миёни ҷомеа аз тариқи интишори матолиби муртабит дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз дигар мавориди маъмурияти вай будааст.

Дар таҳқиқоти муқаддамотӣ ин шаҳрванди Қазоқистон эътироф кардааст, ки иқдомоти фавқро ба дастур ва дар ростои манофеи як кишвари хориҷӣ анҷом додааст.