Апрел 06, 2022 09:02 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Эрон барои тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва кишти ҷойгузини хашхош дар Афғонистон

Сафорати Эрон дар Афғонистон барои тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва кишти ҷойгузини хашхош (кукнор) дар ин кишвар эъломи омодагӣ кард.

Сафорати Эрон дар Афғонистон зимни истиқбол аз тасмими давлати муваққати Толибон дар хусуси мамнуияти кишту хариду фурӯши маводи мухаддир, омодагии Ҷумҳурии исломии Эронро ҷиҳати ҳамкорӣ барои тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва кишти ҷойгузин дар Афғонистон эълом кард.

Сайид Расули Мӯсавӣ, дастёри вазири умури хориҷаи Эрон ҳам дар Твиттер навишт: “Иҷро шудани мамнуияти кишти хашхош дар Афғонистон осори иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии амиқе дар ин кишвар ва иқтисоди сиёҳи ҷаҳон хоҳад дошт”.

Мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон дар фармоне кишти тамоми анвои маҳсулотеро, ки аз он барои тавлиди маводи мухаддир истифода мешавад, мамнуъ эълом кард. Бар асоси фармони раҳбарии Толибон истеъмолу интиқол, хариду фурӯш, воридоту содирот ва коргоҳҳои тавлиди ҳар гуна маводи мухаддир дар саросари Афғонистон мамнуъ аст.

Ин фармон дар ҳоле содир мешавад, ки дар муддати 20 соли ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон, тавлиду кишти маводи мухаддир дар ин кишвар ба сурати бесобиқае афзоиш ёфтаву Афғонистон ба унвони бузургтарин кишвари тавлидкунандаи маводи мухаддир 90 дарсади тарёки ҷаҳонро таъмин мекунад.

 

Барчасп