Апрел 09, 2022 11:35 Asia/Dushanbe
  • Баргузории иҷлоси гурӯҳи кории СПАД бо мавзӯи Афғонистон

Нишасти гурӯҳи кории Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) бо мавзӯи Афғонистон ба сӯрати маҷозӣ баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа, намояндагони кишварҳои узви СПАД ва ҳамчунин Маркази минтақаии дипломатии пешгиронаи Созмони Милали Муттаҳид дар умӯри Осиёи Марказӣ, Маркази зиддитеррористии ИДМ, Хадамоти ҳамоҳангкунандаи фармондеҳони нерӯҳои марзбонии ИДМ, сохтори зиддиминтақаии Созмони Ҳамкории Шанхай ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ширкат карданд.

Ширкаткунандагони ин иҷлос дар мавриди вазъият дар Афғонистон табодули назар ва тааҳҳуди муштараки худ ба таомули фаъол ва тавсеаи рӯйкардҳои муштарак дар ҷиҳати Афғонистонро иброз доштанд.

Талат Қалиев, фиристодаи вижаи вазорати умӯри хориҷаи Қазоқистон зимни суханонӣ дар ин нишаст ба саҳми қобили тавваҷуҳи кишвараш дар талошҳои байналмилалӣ барои тасбити авзоъ дар Афғонистон бо ҳадафи таъмини амнияти минтақа ишора кард.

 

Барчасп