Русия: Додани эътиборнома ба дипламати Толибон ба расмият шинохтани онҳо нест
Апрел 10, 2022 10:40 Asia/Dushanbe
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, пазируфтани дипламати Толибон ва додани эътиборнома ба онҳо ба маънои ба расмият шинохтани ҳукумати онҳо нест.
Ба гузориши Садои Хуросон, Мария Захарова сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия пас аз эътои эътиборнома ба дипламати Толибон гуфт, ки ин гоми муҳиме барои аз саргирии тамосҳои дипламатик байни Афғонистон ва Русия аст.
- Вай бо изҳори ин, ки ҳанӯз барои гуфтугӯ дар бораи бар расмият шинохтани Толибон бисёр зуд аст, афзӯд, ки эътои эътиборнома ба маънии бар расмият шинохтани давлати Толибон нест.
Бо ин, ки то кунун ҳеҷ кишваре давлати Толибонро ба расмият нашинохтааст аммо кишварҳои Узбакистон, Покистон, Туркманистон, Чин ва Русия дипламатҳои Толибонро пазируфтаанд.
Бештар бихонед:
Барчасп