Апрел 12, 2022 19:20 Asia/Dushanbe

Мусобиқоти интихобии футзали қаҳрамонии Осиё дар гуруҳи B минтақаи ҷанубу маркази ин қорра имрӯз ба поён расид .

Дар рақобатҳои ин гуруҳ Узбекистон муваффақ шуд бо натиҷаи 5 бар 2 Тоҷикистонро шикаст бидиҳад, то бо 9 имтиёз ба унвони садрнишин ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё роҳ ёбад .
Тими миллии футзали Афғонистон пас аз пирӯзии 8 бар 1 дар баробари Непал ба далели тафозули голи беҳтари тими миллии Тоҷикистон  аз роҳёбӣ ба Ҷоми миллатҳои Осиё бозмонд .
Дар ҷадвали гуруҳи B  баъд аз Узбекистон тимҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Непал ба тартиб дувум то чаҳорум шуданд .
Ба ин тартиб Тоҷикистон ба далели тафозули голи беҳтар баъд аз Узбекистон аз ин гуруҳ роҳии марҳилаи ниҳои Ҷоми миллатҳои Осиё шуд .Маҷиди Муртазоӣ- сармураббии эронӣ дар ин мусобиқот  ҳидояти тими Афғонистонро бар уҳда дошт ва натавонист ин тимро ба марҳилаи ниҳоӣ, ки меҳрмоҳи имсол ба мизбонии Кувайт баргузор мешавад, бирасонад .
Изҳороти вайро баъд аз бозии муқобили тими Непал мешинавем :
Бозиҳои муқаддамотии қаҳрамонии Осиё дар минтақаи ҷанубу маркази ин қорра  имрӯз бо анҷоми бозиҳои гуруҳи A ба поён мерасаду Эрон  баъд аз касби ду бурд муқобили Малдив ва Туркманистон, имрӯз бо Қирғизистон дидор мекунад ва Туркманистон ҳам ба масофи Малдив меравад .

 

Барчасп