Апрел 20, 2022 11:32 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Қирғизистон бо сохти озмоишгоҳи биологии Русия

Қирғизистон пешниҳоди Русия барои сохти озмоишгоҳи биологӣ дар кишварро рад кард.

Ба гузориши “Форс”, Вазорати беҳдошти Қирғизистон эълом кард, ки ин кишвар бо сохти як озмоишгоҳи биологии BSL3 аз сӯи Русия мухолиф аст.

Ин мавзуъ дар нишасти оддии Комиссияи давлатии Қирғизистон ва Русия дар заминаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фаннӣ, башардӯстона ва ҳамкории беҳдоштӣ дар Маскав, пойтахти Русия баҳсу баррасӣ шуд.

Бар асоси иттилооти расида, Қирғизистон ва Канада дар соли 2008 қарордодеро барои сохти як озмоишгоҳ барои ҳифозату эминии биологӣ имзо карданд.

 

Барчасп