Апрел 22, 2022 17:56 Asia/Dushanbe
  • Бозкушоии Сафорати Узбакистон дар Киев

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Узбакистон аз бозкушои сафорати худ дар шаҳри Киев, пойтахти Украина хабар дод.

Сафорати Узбакистон дар Украина ба дунболи ҷанг дар ин кишвар, дар моҳи март ба таври муваққат аз Киев ба шаҳри Ливив интиқол дода шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Тошканд, Юсуф Қобилҷонов, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Узбакистон имрӯз - ҷумъа эълом кард, сафорати ин кишвар дар Украина аз имрӯз - 22 апрел фаъолияти худро дар шаҳри Киев азсар мегирад.

Русия 24 феврал дар пайи иқдомоти таҳрикомези Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) дар марзи ин кишвар, амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард ва кишварҳои ғарбӣ, ба вижа Амрико на танҳо иқдоме барои коҳиши танишҳо ва таваққуфи даргириҳо дар Украина анҷом надоданд, балки бо ирсоли таҷҳизоту силоҳ ва эъмоли фишор ба Русия, бештар ба ин нооромиҳо доман задаанд.

 

Барчасп