Апрел 26, 2022 10:53 Asia/Dushanbe
  • Сафари нахуствазири Беларус ба Узбекистон

Нахуствазири Беларус ба шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон сафар кард.

Роман Головченко, нахуствазири Беларус дар раъси як ҳайати баландпоя ба шаҳри Тошканд сафар кард.

Дар ин сафар нахуствазири Беларусро намояндагони давлату тиҷорат ҳамроҳӣ мекунанд.

Вай дар ин сафар дар нишасти бозаргонӣ ва маросими ифтитоҳи маркази фурӯши тракторҳои корхонаи тракторсозии «Минск» дар Тошканд ҳузур хоҳад ёфт ва аз намоишгоҳи байналмилалии санъатии « ИННОПРОМ. Осиёи Марказӣ» ва минтақаи илму фанноварии TEXNOPARK боздид мекунад.

Мубодилоти бозаргонии Узбекистону Беларус дар соли 2021, миллиону 900 ҳазор доллар буд.

Беларус Узбекистонро дар 27 декабри 1991 ба расмият шинохт.

 

Барчасп