Дарҷи номи Назарбоев дар қонуни асосӣ ба унвони «бунёнгузори Қазоқистони мустақил»
Як узви коргурӯҳи ислоҳи қонуни асосии Қазоқистон аз салб нашудани масунияти нахустин раисиҷумҳури кишвар ва дарҷи ҷойгоҳи вай дар қонуни асосӣ ба унвони «бунёнгузори Қазоқистони мустақил», хабар дод.
Ермек Абдрасулов, яке аз аъзои коргурӯҳ дар заминаи ислоҳи қонӯни асосӣ эълом кард, ки номи нахустин раисҷумҳури ин кишвар дар қонуни асосӣ ба унвони бунёнгузори Қазоқистони мустақил дарҷ хоҳад шуд.
Вай зимни суханоне дар нишаст хабарӣ гуфт, ки коргурӯҳи марбӯта ба ин натиҷа расида, ки вазъияти нахустин раисиҷумҳур ( Нурсултон Назарбоев) бояд дар қонуни асосӣ мушаххас шавад, яъне нахустин раисиҷумҳур дар қонӯни асосӣ ба унвони бунёнгузор ва муассиси Қазоқистони мустақил дарҷ хоҳад шуд.
Абдурасулов ҳамчунин хотирнишон кард, тамоми масоили марбӯт ба масӯният, амнияти моддӣ ва соири тазминҳо аз қабл дар қонуни асосӣ омада ва дар мавриди раисони ҷумҳури собиқ низ сидқ мекунад.
Вай афзуд, мо қонӯне дар мавриди раисҷумҳур дорем, ки дар он ҳамаи имтиёзот, масоили ҳифозатӣ, ҳимояти моддӣ аз хонавода ва амнияти вай дарҷ шудааст. Ҳамин ҳуқуқ дар мавриди нахустин раисиҷумҳур низ эъмол хоҳад шуд ва дар ин маврид ҳеҷ тахаллуфе вуҷӯд нахоҳад дошт.
Абдурасулов хотирнишон кард, масӯнияти нахустин раисиҷумҳури Қазоқистон салб нахоҳад шуд, зеро вай бунёнгузори Қазоқистони мустақил аст. Хонаводаи раисиҷумҳури собиқ низ таҳти ҳимояти давлат ҳастанд, магар дар мавориди иртикоби ҷурм дар сӯрате, ки дар саҳнаи ҷиноят дастгир шавад.